Дар Боку ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ба муносибати ҷашнҳои давлатии мамлакат – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти  олии шаҳри Боку ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар доданд, зимни ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоботи умумихалқӣ 16 ноябри соли 1994  нахустин маротиба  ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд намуда, дар ин мақом дар бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи мамлакат ва ба сатҳи баланд баровардани эътибору нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми беандоза гузоштанд.

Ҳамчунин бо иқдоми Сарвари давлат барои эҳёи рукнҳои давлатдории миллии тоҷикон 16 ноябри соли 1994 бо қарори Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ тасдиқ ва қабул гардид. Ба хотири арҷгузорӣ ба ин рамзи истиқлолияти давлатӣ аз соли 2009 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябр ба ҳайси Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Сафири Тоҷикистон кормандони Сафорат ва донишҷӯёни тоҷикро  даъват намуд, ки бо меҳнати содиқона ва таҳсили муваффақона доимо парчамбардори Ватан бошанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE