Ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва натиҷагирӣ аз мониторинги қисмҳои ҳарбӣ

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар “Бахшида ба ҳафтаи ҳуқуқи инсон ва натиҷагирӣ аз мониторинги қисмҳои ҳарбӣ дар соли 2025” доир гардид. Зимни баргузории мизи мудаввар як қатор масъалаҳо аз он ҷумла ҳуқуқи инсон арзиши муҳими ҷаҳони муосир, назорати дақиқи иҷрои қонунҳо, натиҷаи мониторинги қисмҳои ҳарбӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳозирин қарор гирифт.
Ҳамзамон зикр шуд, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон буда, ҳамчунин бахше аз амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Султонализода Ёқубҷон
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE