Дар Душанбе рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), муовини мудири Барномаи рушди СММ (UNDP) ва ҳамзамон директори минтақавии UNDP барои Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамсуҳбатон перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) табодули афкор намуда, мавзуоти марбут ба лоиҳаҳои аз ҷониби ин Барнома дар Тоҷикистон татбиқшаванда, чорабиниҳои дарпешистода, инчунин имконоти густариши равобити тарафайнро дар соҳаҳои мухталиф матраҳ намуданд.