Мубина Махкамова: китоб инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад

Китоб маҳсули заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаи маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад. Ин нуктаро иштирокчӣ ва ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Мубина Махкамова зимни суҳбат бо радиои “Садои Душанбе” баён дошт.

Воқеан, яке аз воситаҳое, ки забону таърих ва фарҳанги миллати моро ҷовидонӣ аз парокандагӣ эмин медорад, ин мутолиаи китоб мебошад. Китоб ягона манбаест, ки дар қалби ҳар нафар эҳсоси ватандӯстиву худогоҳиро бедор менамояд.

Озмуни ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имконият фароҳам овард, то ҳамватанони мо дар дилхоҳ бахшҳои ин Озмун дониши худро санҷанд. Хусусан, наврасоне, ки дар ин Озмун ширкат меварзанд, аллакай бо гузаштаи пурифтихори хеш ошноанд

Мубина мегӯяд, маҳз ба василаи тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб пояи ҷомеаи босавод устувор гардида, тамоми дастовардҳои чандҳазорсолаи ин миллати тамаддунсоз ҳифз мешавад. Ин ганҷинаи бебаҳо дар радифи Модар – Ватан арзандатарин муқаддасот ба шумор меравад ва дунёи маънавии моро бою рангин гардонида, фардои зиндагиро равшан месозад. Ин воситаи хуби маърифату хирад моро аз гузаштаи дури таърих огоҳ намуда, ба ватансозӣ ҳидоят мекунад.

Умедҷон ХОЛОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE