Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд
19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстию ҳамкории “Тоҷикистон-Ҷопон”, узви Палатаи намояндагони Парламенти Ҷопон Кейҷи Фуруя мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Гурӯҳи байнипарлумониро дар таҳкими дӯстӣ ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон муҳим арзёбӣ намуданд.
Ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, илм ва маориф, нақлиёт, кишоварзӣ ва тақвияти зарфиятҳои инсонӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, таъсиси технопаркҳо, дастгирии бизнес-инкубаторҳо, стартапҳо ва омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи IT таваҷҷуҳ намуданд.
Соҳаи гуманитарӣ бахши муҳимми ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.
Масъалаҳои рушди табодули фарҳангӣ ва зиёд кардани квотаҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, инчунин, тавсеаи давраҳои омӯзишӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

