Ба кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Шаҳритус кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд

 Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз маводи хӯрокворӣ ва  либосҳои зимистона ба 62 нафар кӯдаки ятими Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус тақдим гардиданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ятимону бепарасторон ва нафарони ниёзманд ҳамеша таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз дар мамлакат ягон ятиму бепарастор худро танҳо эҳсос намекунад.

Дар Мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритус дар айни замон 62 нафар кӯдаки ятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо туҳфаҳо, сару либоси гарм, лавозимоти хониш ва дигар маводи зарурӣ тақдим гардида, барои онҳо фазои идона ва руҳияи болида фароҳам оварда шуд.

Кӯдакон ва масъулини муассиса барои чунин ғамхорӣ ба Пешвои миллат ва роҳбарияти давлат изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ин дастгириҳо ба онҳо неруи тоза бахшида, ба таҳсилу тарбияи беҳтар ҳавасманд месозанд.

АКС аз бойгонӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE