Вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон бо Дабири кулли САҲА

5 январи соли 2026 дар шаҳри Вена мулоқоти Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА Манучеҳр Ҷобир бо Дабири кулли он созмон ҷаноби Феридун Синирлиоғлу доир гардид.

Зимни вохӯрӣ, Намояндаи доимии Тоҷикистон эътимодномаи худро ба Дабири кулли САҲА супорид. Ҷонибҳо ҳамчунин самтҳои асосии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА-ро дар ченакҳои сиёсӣ-ҳарбӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ, баррасӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE