Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва беҳтарсозии шароити таълиму тарбия ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Зимни баргузории ҳамоиш иброз гардид, ки ташаккули низоми таълиму тарбия (таҳсил ва маориф), пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати он вобаста мебошад.
Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳар давру замон яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи маориф мебошад. Дар шароити муосир вазифаи муаллим ба куллӣ тағйир меёбад. Зеро дар шароити имкони беканори дастрасӣ ба ҳама гуна иттилоот омӯзгор бояд на танҳо дониши худро ба хонанда интиқол диҳад, балки тарзи истифода аз иттилоъро низ таълим диҳад. Чунки рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъияту давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имконияти нави технологӣ ва дар маҷмуъ рушди иҷтимоӣ мустақиман ба сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбияи муҳассилин ва сатҳи саводнокии миллат вобаста аст.
Гуфта шуд, ки омӯзгорон бояд методикаи нави таълим, назарияҳои муосири равоншиносии маърифатӣ, фаҳмишҳои умумифаннӣ ва технологияи омӯзишро бештар ба роҳ монанд.
Дар ҳамоиш дастовардҳои асосии соҳа, пешрафти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, инчунин мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

