Хатмкардагони Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун дар бозори дохилӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд

Муассисаи таълимии Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун, ки муассиси он ҶСК «Неругоҳи барқи обии Роғун» мебошад, асосан мутахассисонро барои неругоҳҳои барқии кишвар омода месозад. Айни замон дар колеҷ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ 149 нафар ва 40 нафар пас аз хатми синфи 11, бо тартиби буҷавӣ ва шартномавӣ, ба омӯзиши касбҳои муҳандисию техникӣ машғул мебошанд.

Ба иттилои Тоҷиддин Мухторов — директори Муассисаи таълимии Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун, дар заминаи Паёми Пешвои миллат маъмурияти муассиса дар баробари ташкили ҳамоишҳои илмию назариявӣ бо донишҷӯён, нақшаи амали худро таҳия намуда, корҳои амалиро ҷиҳати иҷрои дастурҳо идома медиҳад.

Маъмурияти Муассисаи таълимии Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти кишвар, дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, қабули донишҷӯёнро ба гурӯҳҳои буҷавӣ бештар ба роҳ монад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии мамлакатро ҳазорҳо нафар донишҷӯ бо ихтисосҳои гуногун хатм мекунанд, аммо на ҳамаи онҳо дар бозори меҳнат ҷойи кор меёбанд. Ба гуфтаи масъулин  то имрӯз ҳамаи хатмкардагони Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун дар бозори дохилӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи таълимии Колеҷи муҳандисӣ-техникии шаҳри Роғун фароҳам омадани шароити мусоиди таҳсил ва аз худ кардани касбҳои коргариро натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат медонанд. Онҳо ҷавобан ба ин дастгириҳо талош доранд, ки дар омода намудани мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат саҳми арзишманд гузоранд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE