Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии кадрӣ вуҷуд надорад
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон норасоии кадрӣ вуҷуд надорад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти академияи мазкур баён гардид.
Ҳамзамон зикр гардид, ки ба ҳолати 30 декабри соли 2025 дар академия 539 нафар кормандону омӯзгорон кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 432 нафарро кормандони асосӣ ва 107 нафарро омӯзгорони ҳамкори беруна ташкил медиҳанд.
Аз 432 нафар кормандони асосӣ 265 нафар омӯзгорони асосӣ ва 63 нафар кормандони техникӣ ва ёрирасон мебошанд.
Дар соли 2025 18 нафар бо «Ифтихорнома»-и Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 нафар бо нишони Аълочии маориф ва илми Точикистон, 5 нафар бо медали «Хизмати шоиста», 1 нафар бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 1 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, сарфароз гардонида шудаанд.

