Зиёда аз 10,9 миллион сар ҳайвоноту паранда бар зидди бемориҳои хавфнок эмгузаронӣ гардиданд
Дар соли 2025 Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Дар ин давра ба маблағи беш аз 4,6 миллион сомонӣ ваксина харидорӣ шуда, зиёда аз 10,9 миллион сар ҳайвоноту паранда бар зидди бемориҳои хавфнок эмгузаронӣ гардиданд, ки иҷрои нақшаро 106,4 фоиз таъмин намуд.
Бо мақсади пешгирии бемориҳои зоонозӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 14 ҳазор суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ гузаронида шуда, барномаҳои таблиғотию телевизионӣ таҳия ва пахш гардиданд.
Ҳамзамон, дар натиҷаи чорабиниҳои назоратӣ зиёда аз 24 тонна маҳсулоти гӯштии ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯнабуда аз муомилот бароварда ва нобуд карда шуд.
Дар соли ҳисоботӣ аз фаъолияти Кумита ба буҷаи давлатӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ворид гардида, як қатор марказҳои таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуданд.Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуоти Муҳаммадсаид Файзуллозода Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзноманигорон иттилооъ дод.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

