Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуд

Соли 2025 барои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли пурмаҳсул арзёбӣ гардид. Тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, донишгоҳ ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар шомил шуд.

Дар соли ҳисоботӣ зиёда аз 4380 донишҷӯ таҳсил намуда, 866 нафар хатм карданд. Аз онҳо 67 фоиз бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Донишгоҳ аз рӯи 37 ихтисоси бакалавриат, 10 магистратура ва 13 PhD мутахассис омода намуда, соли 2025 чор ихтисоси нави рақамиро роҳандозӣ кард.

Айни замон донишгоҳ бо 58 муассисаи хориҷӣ ҳамкорӣ дорад. Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ягона муассисаест, ки ба лоиҳаи PGD пайваст шудааст. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ректори донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Хайрулло Назарзода ба рӯзноманигорон иттилооъ дод.

Шукрона Насриддинзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE