Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот ворид мешавад
Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ таъкид намуд, ки санади мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳои он ба санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз 27 январи соли 2020 пешниҳод гардидааст.
Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 1, 12, 16, 23, 28, 32, 33 ва 36-и қонуни мазкур ворид мегарданд, ки тибқи он ваколатҳои Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм мушаххас карда, такрорёбии ваколатҳоро аз байн мебарад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 16 таклиф пешниҳод намуданд.
Муҳаммадато Султонов ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни баррасии ин масъала вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Тибқи лоиҳа ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 3341 илова карда мешавад, ки минбаъд барои ғайриқонунӣ ба роҳ мондани таълими динӣ, аз ҷумла тавассути шабакаи интернет, агар ин кирдор хусусияти динии экстремистӣ надошта бошад ва давоми сол пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ барои чунин ҳуқуқвайронкуниҳо содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад.