Намоиши асарҳои эҷодии Рассоми Ҳалқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев
«Ҳафтранг. Ба хотираи устод» – таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон» намоиши асарҳои эҷодии Рассоми Ҳалқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва рассомони гурӯҳи эҷодии “Ҳафтранг” Носирбек Нарзибеков, Фаррух Неъматзода, Мизроб Холов ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни донишкада, меҳмонони хориҷӣ ва дигар дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок намуданд. Дар оғози намоиш роҳбарияти Донишкада доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Зуҳур Ҳабибуллоев ва ҳунари нотакрори ў изҳори назар кард. Иттилоъ дода шуд, ки рассом Зуҳур Ҳабибуллоев соли 1932 дар шаҳри Душанбе тавваллуд шудааст. Мавсуф хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мухини ш.Ленинград мебошад. Зуҳур Ҳабибуллоев мероси пурарзиши санъати тасвирии тоҷикро ба наслҳои оянда бо ҳама зебоӣ, шукӯҳу шаҳомат ва асолати таърихӣ бо офариниши асарҳои пурмазмуни худ боқӣ гузоштааст.
Дар намоиш 18 адад мусаввараи рассом, устод Зуҳур Ҳабибуллоев аз коллексияи шахсии дӯстони рассом Сабзалӣ Муродзодаи Шариф ва Эраҷ Айнӣ аз қабили «Дидбонгоҳи сарҳадӣ. Рӯшон», «Баҳор» , “Чилдара” “Ғарм-Сорбоғ” “Ҷазира”, “Соҳили дарёи Ғориф”, “Болооби дарёи Ромит. Сорбоғ”, “Тобистон.Сари киштӣ”, “Тирамоҳ” “Ид” ва инчунин офаридаҳои рассомон Сабзалӣ Шариф “Устод Зуҳур Ҳабибуллоев”, “Хоҷа Насриддин”, “Навои чўпон”, “Боғи Носирбек Нарзибеков биҳиштӣ”, “Ман ба ту дунёро нишон медиҳам”, Мизроб Холов “Наво”, “Дугонаҳо”, “Гули қоқу”, “Тумор”, “Каду ва анор”, Фаррух Неъматзода “Ҳосили тирамоҳ”, “Ситораҳои осмон”. “Зимистон”, “Гулафшон”, “Баҳор”, ва дигар мусаввараҳо дар мавзӯҳои гуногун ба маъраз гузошта шудааст.
Намоиши “Ҳафтранг”. Ба хотираи устод” то санаи 20-уми феврали соли равон идома меёбад.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

