Барои лоиҳаи 5G аллакай 84 адад истгоҳи базавӣ насб гардидааст
Гузаштан ба насли 5G ва таъмини аҳолӣ бо интернети баландсуръат яке аз ҳадафҳои аслии Хадамоти алоқа маҳсуб меёбад. Дар ин бора имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ Исфандиёри Саъдулло сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.Тибқи Консорcиуми махсус оид ба роҳандозии насли 5G, ки миёни Хадамоти алоқа ва ширкатҳои мобилӣ таъсис ёфта буд, интизор меравад , муттаҳид намудан ва истифодаи якҷояи инфрасохтори мобилӣ роҳандозӣ шавад.
Дар доираи кори ин лоиҳа аллакай 84 адад истгоҳи базавӣ насб гардидааст ва имсол насби 200 адади дигар дар назар ҳаст, ки ин имконият медиҳад фарогириро ба аҳолӣ бидуни хароҷоти барзиёд бештар намояд.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

