Дар ҷумҳурӣ 36 ҳазору 82 корхона, муассиса ва ташкилот фаъолият дорад

“Соли 2025 афзоиши нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагии аҳолӣ назаррас боқӣ монда, ба ҳолати 1 декабри соли 2025 музди меҳнати миёнаи кормандони ҳамаи соҳаҳои ҷумҳурӣ 2 725,71 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 19,9 фоиз ё 452,9 сомонӣ афзоиш ёфтааст”-чунин иттилоъ дода шуд, дар нишасти хабарии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ин ниҳоди давлатии кишвар. Солеҳа Холмаҳмадзода вазири меҳнат ба рӯзноманигорон иттилоъ дод,ки дар ҷумҳурӣ 36 ҳазору 82 корхона, муассиса ва ташкилот фаъолият намуда, 19 ҳазору 195 адади онҳо ҳуқуқи бастани шартномаҳои коллективиро дорад. Аз шумораи умумӣ 17 ҳазору 18 адад шартномаи коллективи ба имзо расидааст,ки 88,7 фоизро ташкил медиҳад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE