«ЭКО ШАҲР АЗ ЯК ТАКСӢ». Дар доираи ин лоиҳа 20 адад электромобили «BYD E2» вориди Тоҷикистон гардид
Ширкати «Як таксӣ» дар доираи лоиҳаи «ЭКО Шаҳр аз Як таксӣ» 20 адад электромобили «BYD E2»-ро вориди мамлакат намуд. Дар назар аст, ки то охири сол қариб 100 адад мошини дигар низ вориди пойтахт гарданд, иттилоъ дод ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи маркетинги «Як таксӣ» Руслан Сарбоззода.
Ба зикри мавсуф, хизматрасониҳои техникӣ ва нигоҳдории электромобилҳо дар муқоиса бо нақлиёти бо намуди дигари сӯзишворӣ фаъолияткунанда арзиши камтарин талаб намуда, ҳангоми истифода ва ё хизматрасонӣ ба мусофирон дар шаҳр интиқолдиҳии бемамониат, сатҳи пасти садо ва сафари бароҳат муҳайё менамояд.
Ширкат нақша дорад, ки ояндаи наздик дар тамоми қаламрави мамлакат шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ ҷорӣ намояд. Дар ҳудуди корхона нуқтаи якуми барқдиҳӣ гузошта шудааст, ки он метавонад ду мошинро дар як вақт бо неруи барқ таъмин намояд.
«BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Автомобилро метавон дар хона низ бо неруи барқ таъмин намуд. Дар ин ҳолат барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт зарур аст, ки арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо қувваи барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар намуд», — афзуд Руслан Сарбоззода.
Автомобилҳои батареашон аз 30 то 47 киловатт дар 40-45 дақиқа ва батареашон аз 40 то 87 киловатт — дар 1,5 соат захира гирифта, бо ин захира мошин метавонад то 600-700 километр масофаро тай кунад.
Батареяи зарфияташ 30-47 киловатт дар нуқтаҳои зудпуркунанда 20-30 сомонӣ ва батареяҳои зарфияташон бештар — 40-45 сомонӣ арзиш доранд.
Батареяҳои ин модел 1,2 млн км кафолат дошта, аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолкунанда ба онҳо аз 5 то 10 сол кафолат дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки солҳои охир таваҷҷуҳи бисёр кишварҳо ба истеҳсолу истифодаи электробусу электромобилҳо зиёд шуда, кишварҳои дорои захираҳои бойи нефту газ ба ин навъи нақлиёт мароқ зоҳир мекунанд.
Дар баробари камшавии захираҳои нафт ва болоравии арзиши сӯзишворӣ таваҷҷуҳ ба воситаҳои нақлиёти барқӣ ба маротиб зиёд шудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, «имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари шашуми пешсафи сайёра мебошад. Аз ин лиҳоз, истеҳсол ва истифодаи «энергияи сабз» аз ҷумлаи афзалияти рақобатноки иқтисоди кишвари мо ба ҳисоб меравад».
Ҳамчунин зимни ироаи Паём Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шавад.
«Вобаста ба ин Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан муҳайё сохтани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави кишвар чораҷӯӣ намояд», таъкид намуданд Пешвои миллат.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дода буд, аз ҷониби Вазорати нақлиёт Лоиҳаи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» таҳия гардида, 1 апрели соли 2022 барои баррасию мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор равон гардид.
Таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат сарчашма мегирад. Барнома аз 9 боб иборат буда, ҳадафи асосии он фароҳам овардани самти нави рушди иқтисодӣ дар заминаи ташаккули саноати мошинсозӣ- истеҳсоли нақлиёти барқӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиёд кардани нақлиёти барқии истифодашаванда, васеъ намудани инфрасохтори нақлиёти барқӣ ва кам кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 10 январи соли равон бори аввал дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати «Як таксӣ» 8 адад электромобили тамғаи Volkswagen Е- Lavada мавриди истифода қарор гирифта, иттилоъ дода шуд, ки ба наздикӣ боз 100 адад мошини дигар вориди пойтахт мегарданд. Дар ин рӯз 8 адад воситаҳои нақлиёти мазкур дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Зимни ба истифода додани электромобилҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода иброз дошт, ки рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе нисбат ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ талаботи нав пеш оварда, имкон медиҳад, ки дар оянда ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳа ва амалисозии ҳадафҳои стратегӣ дар доираи Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 ва Барномаи давлатии «Шаҳри сабз» тадбирҳои судманд андешида шаванд.
«Дар чаҳорчӯби барномаи «Шаҳри сабз» мақомоти шаҳри Душанбе 104 адад троллейбуси бесим (15 километр), якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамос (40 километр) харидорӣ кард, ки онҳо дар реҷаи санҷишӣ кор мекунанд», -афзуд Фирдавс Саидзода.
Нақлиёти мазкур аз лиҳози самаранокии иқтисодӣ вобаста ба арзиши истифодаи қувваи барқ дар муқоиса бо воситаҳои нақлиётие, ки дигар намуди сӯзишвориро истифода менамоянд, бартарӣ дорад. Тибқи таҳлилҳои мутахассисон, дар як сол хароҷоти истифодаи қувваи барқ дар электробус ва электромобилҳо 27,5 фоизи хароҷоти нақлиёти бо дигар намуди сӯзишвориҳо фаъолияткунандаро ташкил медиҳад.
Арзиши электромобилҳои Volkswagen E Lavida – 21 500 доллари ИМА ва BYD E2 -23 500 доллари ИМА (бо қурби Бонки миллӣ дар рӯзи харид) муайян гардидааст.