Дар ноҳияи Шоҳмансур 1023,06 гектар заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад
Дар соли сипаригардида, аз ҷониби 173 корхонаи саноатӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеъияташон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бо дарназардошти сектори ғайридавлатӣ ба 1 милиарду 7 миллиону 818 ҳазору 600 сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 270,1 миллион сомонӣ зиёд буда суръати афзоиш 130,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора Сафар Олимзода- раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия итиллоъ дод. Ба таъкиди масъулин дар ин давра ҷойҳои кории нав, иловагӣ ва барқарор шуда дар маҷмуъ 9376 ададро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби корхонаву ташкилот 8126 адад ва аз ҳисоби соҳибкорон 1200 ҷой таъси дода шудааст.
Дар ноҳияи Шоҳмансур 1023,06 гектар заминҳои кишоварзӣ вуҷуд дорад, ки аз ин 494,0 гектар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 512 гектар заминҳои хоҷагиҳои аҳолӣ ва 17,06 гектар заминҳои ёрирасон рост меояд.
Т. Сатторов

