Дар ноҳияи И.Сомонӣ 8 корхона аз фаъолият бозмондааст

Дар соли сипаришудаи 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 344,8 миллион сомонӣ баробар гардид,ки нисбат ба соли 2024 ба маблағи 272,3миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 120,0 фоизро ташкил дод. Дар ин бора зимни нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе иттилоъ дода шуд.
​Раиси ноҳия Руслан Қодирзода иброз дошт, ки соли 2025 бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст гардида, кормандони соҳа талош доранд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо нишондиҳандаҳои боз ҳам баландтар пешвоз гиранд.
​Дар идома раиси ноҳия қайд кард, ки аз 102 корхонаи саноатии дар ҳудуди ноҳия бақайдгирифташуда, дар ин давра 58 адад ҳаҷми истеҳсолотро зиёд ва 36 адад кам намудаанд. 8 корхона фаъолият накардааст, ки нисбат ба соли гузашта шумораи корхонаҳои азфаъолиятмонда 11 адад кам мебошад.
Нигинаи Давронзод
Радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE