Беш аз 11,8 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд

Имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2025-ум гуфта шуд,  ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути наклиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 91 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 33 адад автобусгард, 9 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 350 автобус, 50 троллейбус, 928 микроавтобуси сектори хусусӣ ва беш аз 11,8 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмуъ 14126 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 701 адад нақлиёти мусофирбарӣ корхонаҳои коммуналӣ, 1210 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва 12215 воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ дар тавозуни корхонаҳои нақлиётии пойтахт қарор доранд.

Дилбар Исматова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE