Муҳаббат Зарипова: вақте мебинам фарзанде модарашро ба назди мо меорад, сахт ғазабӣ мешавам
Муҳаббат Зарипова сарупо зани меҳрубону инсондӯст ва кӯмакрасони шахсони ниёзманд мебошад. Тамоми меҳру самимияташ дар номаш таҷассум гардидааст. Бале, ӯро ном Муҳаббат аст. Муҳаббате, ки дасташ ҳамавақт барои кӯмаки дигарон дароз аст. Ӯ директори Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе мебошад.
Муҳаббат Зарипова 29 марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1972 ба Муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 – и шаҳри Душанбе ба синфи якум қабул шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна рӯй ба сӯи орзуҳо, бо дуои неки волидайн ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино супорида, онро бо муваффақият хатм намуд.
Дар баробари таҳсил дар Беморхонаи “Қарияи Боло” фаъолият менамуд. Пас аз хатми донишгоҳ ба Маркази саломатии шаҳрии №1 ба ҳайси духтури амрози дарунӣ ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, барои такмили таҷриба ва гирифтани ихтисоси дуюм ба Донишгоҳи гуманитрии академияи Руссия дохил шуда, соли 2004 онро аз рӯи ихтисоси равоншинос хатм намуд. Бар замми ин, дар бораи тайёр кардани кормандони иҷтимоӣ низ маълумот дорад.
Пас аз бозгашт фаъолияташро дар кафедраи тиббӣ – фарматсевтии ДМТ идома дод. Соли 2014 аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба вазифаи директори Маркази минтақави хизмати иҷтимоӣ ба нафақхӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе таъин гардиду то ин замон дар он ҷо фаълияти назаррас дорад.
Муҳаббат Зарипва хушҳол аз он аст, ки дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаву тарбияи дурусти волидон дар ҳама пастиву баландии рӯзгор кӯмакрасонаш аст. Ӯ мегӯяд, дар тарбия ва ба воя расонидани фарзандон кӯмаки падару модар ва шавҳараш нақши асосиро доштанд, ки ба ӯ мушкилии зиёдро ба бор наовардааст. Ин бонуи меҳрубон имрӯз шукрона аз ободиву осудагии Ватан менамояд, ки барои занону бонувон имкониятҳои худро фароҳам овардааст, то тавонанд дар тамоми соҳаҳо дар баробарди мардон ба халқу ватани худ дар фазои амну субот хизмат намоянд.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар имрӯз занони мо дар соҳаи илм ба пешравиҳои зиёде ноил гардида истодаанд. Чандин занонеро метавон ном бурд, ки дар рушди илм корҳои зиёдеро ба сомон расонидаву идома дода истодаанд. Муҳаббат Зарипова низ аз чунин шахсонест, ки дар рушди илми тоҷик саҳм гузошта истодааст. Бахусус, ба илми тиб, ки дар ин самт рисолаи номзадии худро дар мавзӯи кӯдакони оилаҳои камбизоат ба кадом бемориҳо гирифторанд, ҳимоя намудаву муваффақ гардидааст.
Самимият ва корнамоиҳои ин занро дида, ӯро бо мукофотҳову ифтихорномаҳо сазовор гардонидаанд. Ӯ мефахрад ва мегӯяд, ки “ин натанҳо обрӯи ман, балки обрӯи ҳайати ҳамкасбони ман аст”. Бо вуҷуди ин, ӯ аз як лаҳзаи зиндагӣ нигарон аст. Нигаронии ӯ бад – он хотир аст, ки чун мебинад баъзе аз фарзандон масъулияти худро ба ҷо намеоранду нисбати волидонашон ғамхорӣ надоранд ва шояд аз ноустувории худ бошад, ки волидонашонро ба хонаи пирнсолон месупоранд, сахт дар ғазаб мешавад.
Воқеан, дар зиндагӣ ҳар нафар пайи нияту нақшаҳои махсус равона мегардад. Қаҳрамни матлаби мо низ нақшаҳои зиёди ободониву созандагӣ дорад ,ки барои амалӣ гардидани онҳо чораҳои заруриро андешида истодааст.
Умедаи САНГАЛӢ,
“Садои Душанбе”