Дар самти дастгирии соҳибкории занон соли 2025 барои 200 лоиҳа маблағҳои грантӣ ба ҳаҷми 15 млн сомонӣ ҷудо гардидааст
Соли 2025 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳимро дар самти ҳифзи оила ва ҳуқуқи занон амалӣ намуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2025, №116 Шӯрои байниидоравӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила таъсис дода шуд.
Тавре Бунафша Файзиддинзода Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, яке аз нишондиҳандаҳои муҳими иҷтимоӣ коҳиши шумораи кӯдакони ноболиғ аз бекор кардани ақди никоҳ мебошад. Соли 2025 ин нишондиҳанда 7 385 нафарро ташкил дода, нисбат ба соли 2024 1 ҳазору 11 нафар кам гардидааст.
Ҳамзамон, ҳолатҳои ҷиноятсодиркунӣ нисбати занон ба 3 423 ҳолат расида, нисбат ба соли гузашта 177 ҳолат кам шудааст. Ҷиноятсодиркунӣ аз ҷониби занон низ коҳиш ёфта, 1 571 ҳолат ба қайд гирифта шуд, ки ин 175 ҳолат кам нисбат ба соли 2024 мебошад.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе

