Ба якчанд қонуни Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тағйиру иловаҳо ворид гардиданд
Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум ба якчанд қонунҳои кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод. Иҷлосияи мазкур таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.Дар иҷлосия вакилон, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Сурайё Дӯстмуродзода ва Гулбаҳор Ашурзода муаррифӣ намуданд.
Акс: МН МО ҶТ