Дар соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 10405,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардид
Дар соли 2025 нақшаи пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 10405,3 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, дар асл, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 12720,1 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки он нисбат ба нақша ба қадри 2314,8 млн сомонӣ (122,3%) ва нисбат ба пардохтҳои гумрукии ҷамъовардашуда дар соли 2024 ба маблағи 2 968,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин бора Хуршед Каримзода- сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ итилоъ дод.
Ба таъкиди масъулин, боҷи гумрукӣ 147,3% ё 608,6 млн сомонӣ зиёд, боҷи содиротӣ 228,1% ё 205,9 млн сомонӣ зиёд андози аксизӣ 116,5% ё 143,6 млн сомонӣ зиёд ва воридоти ғайриандозӣ ба қадри 536,8% ё 743,5 млн сомонӣ зиёд таъмин карда шуд.
Дар нишасти хабарӣ, гуфта шуд, ки ба соли 2024 воридоти мол аз Хитой ба андозаи 730,2 млн доллар, Россия 349,0 млн доллар, Эрон 109,0 млн доллар, АМА 41,6 млн доллар, Ҷумҳурии Корея 50,5 млн доллар, Қазоқистон 10,0 млн доллар, Беларус 47,9 млн доллар, Ҷумҳурии Узбекистон 49,1 млн доллар, Олмон 36,6 млн доллар, Ҷопон 16,2 млн доллар ва Аргентина 20,2 млн доллар афзоиш ёфта, аз Швейтсария 292,2 млн доллар, Покистон 9,9 млн доллар, Италия 12,9 млн доллар ва Туркия 0,6 млн доллар кам шудааст.
Т.Сатторов
Садои Душанбе

