Имзои санади нави ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия»
Дар доираи сафари корӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия ҷиҳати иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ бо Муовини якуми Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия – Котиби Шӯрои генералии Ҳизби «Единая Россия» Владимир Якушев мулоқоти корӣ анҷом дод.
Дар рафти мулоқот ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби умумироссиягии «Единая Россия» дар доираи Созишномае, ки аз соли 2017 байни ин ду ҳизби пешрави ҷомеаи Тоҷикистону Русия амал мекунад, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Ҷонибҳо аз раванди ҳамкориҳо қаноатмандӣ баён дошта бо дарназардошти бахшҳои нави ҳамкорӣ, омодагии хешро барои имзои санади нав иброз намуданд.
Сипас, маросими имзои «Протокол оид ба вусъати ҳамкориҳои гуногунҷабҳа» байни ҲХДТ ва Ҳизби «Единая Россия» баргузор шуд, ки зери он Маликшо Неъматзода ва Владимир Якушев имзо гузоштанд.
Протокол аз лаҳзаи имзо ҳукми қонунӣ гирифта, давраи солҳои 2026 – 2028 ро дар бар мегирад.
Дар санади нави ҳамкорӣ дар баробари машваратҳои сиёсии байниҳизбӣ ва иштирок дар форумҳову конфронсҳои ҳамдигарӣ, фаъолнокии ҳамкориҳо байни ташкилотҳои ҳизбии ҷавонон, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ низ ба инобат гирифта шудаанд.
Мулоқот дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн анҷом ёфт.

