Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Котиби кулли Конвенсияи Рамсар Мусонда Мумба мулоқот намуд.
Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили обу иқлим ва муҳити зист мубодилаи афкор намуда, ҷараёни омодагӣ ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд барои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028»-ро матраҳ намуданд.
Дар анҷом ба Котиби кулли Конвенсияи Рамсар Мусонда Мумба Даъватномаи рамсӣ барои иштирок дар Конфронси 4-уми оби Душанбе, ки аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мешавад, супорида шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

