Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаев ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2025 аз 1 миллиард доллари ИМА гузаштааст. Аз ин ҳисоб, содирот 996,4 миллион доллар ва воридот 102,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон дар Тоҷикистон дар тӯли 20 соли охир — аз соли 2005 то имрӯз — ба 585 миллион доллар баробар шудааст.
Дар айни замон дар Қазоқистон зиёда аз 500 шахси ҳуқуқии Тоҷикистон ва филиалҳои онҳо ба қайд гирифта шудаанд. Дар Тоҷикистон бошад, 91 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият мекунад, ки дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас доранд.
Шукрона Насриддинзода Садои Душанбе

