Ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Шоҳномахонӣ”
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Шоҳномахонӣ” баргузор гардид.
Ҷаласа бо мақсади баррасии рафти омодагӣ ва тасдиқи ҷадвали баргузории даврҳои озмун доир шуда, дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳои марбута, аъзои комиссия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба ташкили озмун, тартиби баргузории даврҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

