Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар доираи барномаҳои афзалиятнок баррасӣ гардид

18 феврал вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон  (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен доир гардид.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, аз ҷумла фаъолияти дуҷониба дар доираи якчанд барномаи афзалиятнок дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, саломатӣ ва иштироки ҷавонон, ислоҳоти бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак, ки ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва рӯзномаи 2030-и Созмони Милали Муттаҳид мутобиқат мекунад, мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE