Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Муҳтарам афсарону сарбозон!
Имрӯз аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки посдори сулҳу субот ва амнияти кишвари азизамон ба шумор меравад, 33 сол пур мешавад. Ба ин муносибат ҳамаи сокинони кишвар, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро самимона табрик менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки бо талошҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ ба ниҳоди пуриқтидору муҷаҳҳази низомӣ табдил ёфт.
Имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сипари боэътимод дар ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ҳаёти осудаи мардум дар ҳолати омодабоши доимӣ қарор дорад.
Маврид ба зикр аст, ки хизмат ба Ватан шарафу ифтихори бузург ва вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Аз ин рӯ, масъалаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонону наврасони даврони соҳибистиқлол ва садоқат ба давлату миллат дар меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи давлат қарор дорад.
Бори дигар ба ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвари маҳбубамон ҷашни 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо саломатии қавӣ, неруи устувор ва ба Тоҷикистони азизамон осмони беғубору ояндаи дурахшонро таманно дорам.
Ид муборак, ҳомиёни ҷасури Ватан!
Дорогие соотечественники!
Уважаемые офицеры и солдаты!
Сегодня исполняется 33 года со дня образования Вооружённых Сил Республики Таджикистан, которые являются надёжными хранителями мира, стабильности и безопасности нашей любимой страны. В связи с этим сердечно поздравляю всех жителей страны, военнослужащих Вооружённых Сил, военные структуры и правоохранительные органы Республики.
Предметом особой гордости является то, что благодаря созидательным усилиям Президента Республики Таджикистан, Лидера нации, Верховного Главнокомандующего Вооружёнными Силами Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона,Вооружённые Силы страны за короткий исторический период превратились в мощный и оснащённый военный институт.
Сегодня личный состав Вооружённых Сил как надёжный щит стоит на страже государственной независимости, мира и спокойной жизни народа, находясь в постоянной боевой готовности.
Следует отметить, что служение Родине это великая честь и священный долг каждого достойного юноши. Поэтому воспитание патриотизма у молодёжи и подростков эпохи независимости, а также преданности государству и нации находится в центре современной государственной политики.
Ещё раз поздравляю личный состав Вооружённых Сил, военные структуры и правоохранительные органы нашей любимой страны с 33-й годовщиной образования Вооружённых Сил и желаю каждому из них крепкого здоровья, твёрдой воли, а нашему дорогому Таджикистану мирного неба и светлого будущего.
С праздником, отважные защитники Родины!

