ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ТАШАККУЛИ АРТИШИ МИЛЛӢ
Дар шароити ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амният, ҳифзи суботи сиёсӣ ва пойдории сулҳу оромӣ ба яке аз самтҳои калидии рушди давлатҳо табдил ёфтааст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум маҳз дар фазои орому босубот имконпазир аст. Аз ҳамин ҷост, ки таҳкими иқтидори мудофиавии давлат ва рушди сохторҳои низомӣ ҳамчун омили асосии ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ аҳаммияти махсус касб мекунад. Таъкид мегардад, ки амнияти ҷомеа, волоияти қонун ва суботи сиёсӣ заминаи устувори пешрафти давлат буда, иҷрои масъулиятноки вазифаҳои сохторҳои низомӣ дар ин раванд нақши ҳалкунанда дорад.
Дар чунин шароит вазифаи асосии ниҳодҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҳифзи оромию осоиштагии ҷомеа, таъмини амнияти давлат ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ иборат мебошад. Садоқат ба давлат ва хизмати софдилона ба халқу Ватан ҳамчун арзишҳои меҳварӣ дар фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ арзёбӣ гардида, тамоми тадбирҳо ба таҳкими субот ва ҳифзи якпорчагии кишвар равона шудаанд. Бо ҳамин мақсад роҳбарият, фармондеҳон ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ фаъолияти худро ба баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ, тақвияти омодагии ҷангӣ ва иҷрои вазифаҳои давлатӣ мутобиқ месозанд.
Таҷрибаи солҳои аввали истиқлол нишон медиҳад, ки ташаккули неруҳои мудофиавии кишвар дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иқтисодӣ сурат гирифт. Давраи пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ барои Тоҷикистон марҳилаи санҷиши ҷиддии давлатдорӣ буд. Кишвар дар ҳолате ба бунёди неруҳои мусаллаҳи худ оғоз намуд, ки на заминаи моддиву техникӣ вуҷуд дошт ва на захираи кофии мутахассисони касбӣ. Вазъи печидаи дохилӣ ва мушкилоти иқтисодӣ имконият намедод, ки аз мероси низомии гузашта истифодаи пурра бурда шавад. Аз ин рӯ, неруҳои мудофиавии мамлакат амалан аз сифр ташкил гардида, қадамҳои аввалини худро дар шароити ниҳоят душвор гузоштанд.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолият то имрӯз хеле барҷаста арзёбӣ мегардад. Маҳз дар давраи ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоии аввали солҳои навадум, вақте ки давлат нав ба роҳи мустақилият қадам мегузошт ва кишвар бо буҳрону нооромиҳо рӯ ба рӯ буд, ташкили неруҳои мусаллаҳи миллӣ ҳамчун зарурати ҳаётӣ ба миён омад. Бо қабули қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ ва сиёсӣ барои бунёди артиш гузошта шуда, оғози ташаккули низоми мудофиавии давлат таъмин гардид.
Пешвои миллат аз рӯзҳои нахуст ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ташкили сохторҳои низомӣ, омодасозии кадрҳои касбӣ ва фароҳам овардани заминаи моддиву техникӣ барои фаъолияти артишро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор доданд. Дар шароите ки имкониятҳо маҳдуд буданд, тадбирҳои пайдарпай имкон доданд, ки неруҳои мусаллаҳ тадриҷан ба сохтори муназзам табдил ёбанд ва қобилияти ҳифзи истиқлолият ва амнияти давлатро пайдо намоянд.
Қадамҳои нахустини ташкили сохтори низомии миллӣ бо қабули қарорҳои муҳими давлатӣ оғоз ёфтанд. Бо имзои қарор дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди артиш гузошта шуда, раванди ташкили ҷузъу томҳо ва сохторҳои идорӣ оғоз гардид. Баргузории нахустин гузашти ҳарбӣ рамзи иродаи қавии давлат дар роҳи ташкили неруҳои мудофиавӣ гардид ва нишон дод, ки роҳбарияти кишвар ба масъалаи амнияти миллӣ бо ҷиддияти том муносибат мекунад. Ин рӯйдод дар таърихи давлатдорӣ ҳамчун гардиши муҳим дар роҳи ташаккули артиш арзёбӣ мешавад.
Минбаъд раванди ташаккули неруҳои мусаллаҳ марҳила ба марҳила идома ёфт. Дар марҳилаи аввал таҳкурсии ҳуқуқӣ ва қонунгузории соҳа гузошта шуда, санадҳои муҳими соҳавӣ қабул гардиданд, ки фаъолияти сохторҳои низомиро танзим мекарданд. Ҳадафи асосӣ таъсиси неруҳое буд, ки тавонанд истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва оромии ҷомеаро таъмин намоянд. Қабули қонунҳо оид ба мудофиа, хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи устувори ташкили артишро фароҳам овард.
Марҳилаи баъдӣ ба такмили сохтори ташкилӣ, муайян намудани вазифаҳо ва таҳияи оинномаву низомномаҳо равона гардид. Дар ин давра навъҳои асосии қӯшунҳо ташаккул ёфта, сохтори муосири неруҳои мусаллаҳ тадриҷан шакл гирифт. Ин раванд имкон дод, ки фаъолияти низомӣ ба низоми ягона ворид шуда, омодабошии ҷангӣ ва идоракунии сохторҳо беҳтар гардад.
Марҳилаи сеюм пас аз барқарории сулҳу ризоияти миллӣ оғоз гардида, ба таҳкими иқтидори ҷангӣ ва рушди ҳамаҷонибаи неруҳои мусаллаҳ равона шуд. Дар ин давра бунёди навъҳои гуногуни қӯшунҳо, такмили инфрасохтори ҳарбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматчиён аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кард. Ҳамин тавр, неруҳои мусаллаҳи кишвар тадриҷан ба як сохтори муназзам ва қобили ҳифзи манфиатҳои миллӣ табдил ёфтанд.
Бо гузашти солҳо нақши неруҳои мусаллаҳ дар таъмини сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият боз ҳам равшантар гардид. Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳонӣ, зуҳуроти нави хатарҳои амниятӣ ва афзоиши таҳдидҳои муосир зарурати омодагии доимӣ, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, тарбияи рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар байни хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун омили муҳими таҳкими иқтидори мудофиавӣ арзёбӣ мешавад.
Роҳи ташаккули неруҳои мусаллаҳи кишвар аз давраи душвори оғоз то марҳилаи рушди устувор роҳи пурпечутоб, вале пурифтихорро тай намуд. Ин раванд на танҳо таърихи бунёди як сохтори низомӣ, балки қисмати муҳими ташаккули давлатдории навини миллӣ ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи иродаи сиёсӣ, заҳмати хизматчиёни ҳарбӣ ва пуштибонии ҷомеа амалӣ гардид.
Дар тӯли солҳои минбаъда таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт. Таваҷҷуҳи пайваста ба рушди неруҳои мусаллаҳ имкон фароҳам овард, ки сохтори низомӣ тадриҷан мукаммал гардида, ба талаботи замони муосир мутобиқ шавад. Хизматчиёни ҳарбӣ дар тамоми марҳилаҳои ташаккули давлатдорӣ садоқат ба савганди ҳарбӣ ва масъулияти баландро нишон дода, дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои ҳифзи субот ва амнияти ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд. Маҳз ҳамин рӯҳияи масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ неруҳои мусаллаҳро ба яке аз сутунҳои устувори давлат табдил дод.
Дар баробари рушди сохторӣ, масъалаи омодагии ҷангӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ қарор дошт. Ҳамасола дар гарнизонҳои мамлакат машқҳои муштараки амалиётӣ-тактикӣ, тамринҳои зиддитеррористӣ ва чорабиниҳои сафарбарӣ баргузор гардида, ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ тақвият дода мешавад. Ин машқҳо на танҳо сатҳи малакаи касбии ҳайати шахсиро баланд мебардоранд, балки омодагии онҳоро барои амал дар шароити гуногуни эҳтимолӣ таъмин менамоянд. Бо ташкили пойгоҳҳои таълимӣ, таҷдиди марказҳои омӯзишӣ ва таҷҳизонидани машқгоҳҳо шароити муосири омӯзиш барои хизматчиёни ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.
Густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ дар рушди неруҳои мусаллаҳ нақши муҳим дорад. Иштироки ҳайати низомии кишвар дар машқҳои муштарак бо давлатҳои гуногун ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадам омӯхта шуда, сатҳи омодабошии ҷангӣ такмил ёбад. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ дар самти мубодилаи таҷриба, омодасозии кадрҳои касбӣ ва дастгирии техникӣ ба рушди устувори соҳа мусоидат менамояд. Ин раванд нишон медиҳад, ки неруҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун ҷузъи фаъоли низоми амнияти минтақавӣ тадриҷан мавқеи худро мустаҳкам мегардонанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими солҳои охир омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ ба шумор меравад. Ҳазорҳо нафар ҷавонон дар муассисаҳои таълимии ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил намуда, имрӯз ҳамчун мутахассисони соҳа дар вазифаҳои гуногун фаъолият доранд. Тайёр намудани нишонгирон, парашутистон, муҳандисони ҳарбӣ, халабонҳо ва дигар ихтисосҳои зарурӣ имкон дод, ки сафи неруҳои мусаллаҳ бо кадрҳои касбӣ пурра гардад. Ин раванд заминаи устувори рушди минбаъдаи иқтидори мудофиавии давлатро таъмин мекунад.
Дар баробари омодагии ҷангӣ, ба корҳои сиёсию тарбиявӣ низ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими интизоми ҳарбӣ аз омилҳои асосии рушди неруҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Татбиқи барномаҳои тарбиявӣ ба ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ, эҳсоси масъулият ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мусоидат намуда, обрӯ ва мақоми хизматчиёни ҳарбиро дар ҷомеа боло мебарад.
Ҳукумати мамлакат ҳамзамон ба беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар гарнизонҳои гуногуни кишвар биноҳои маъмурӣ, хобгоҳҳо, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Муҳайё гардидани чунин шароит имконият медиҳад, ки хизматчиёни ҳарбӣ вазифаҳои худро бо рӯҳияи баланд ва масъулияти бештар иҷро намоянд. Ин тадбирҳо самараи даврони истиқлолият буда, ба мутобиқ намудани фаъолияти неруҳои мусаллаҳ ба талаботи замони муосир равона шудаанд.
Дар раванди тарбияи насли ҷавон низ неруҳои мусаллаҳ нақши муҳим мебозанд. Чорабиниҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, вохӯриҳо бо ҷавонон ва баргузории озмуну мусобиқаҳои варзишӣ барои таҳкими ҳисси масъулият ва муҳаббат ба Ватан мусоидат менамоянд. Барои ҷавонон хизмат дар сафи неруҳои мусаллаҳ мактаби воқеии ҳаёт маҳсуб ёфта, дар он онҳо сабақи ҷасорат, интизом ва ҳифзи арзишҳои миллӣ меомӯзанд.
Дар баробари афсарону сарбозони фаъол, саҳми шаҳрвандони эҳтиётӣ низ дар таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар назаррас мебошад. Ҷамъомадҳои сафарбарӣ ва машқҳои амалӣ бо ҷалби шаҳрвандон нишон медиҳанд, ки ҳифзи Ватан вазифаи умумимиллӣ буда, ҳар як шаҳрванди кишвар дар таъмини амният масъулияти худро эҳсос менамояд. Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ низ бо сатҳи баланди масъулият амалӣ гардида, насли ҷавон дар ин мактаби мардонагӣ рӯҳияи ватандӯстиро тақвият мебахшад.
Имрӯз неруҳои мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва такягоҳи устувори ҷомеа амал мекунанд. Таърибаи солҳои гузашта собит намудааст, ки маҳз тавассути ҷасорату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ сулҳу субот ҳифз гардида, фазои орому созанда барои рушди кишвар таъмин мешавад. Дар ҷаҳоне, ки бархе давлатҳо аз нооромиву муноқишаҳо ранҷ мебаранд, нигоҳ доштани амният ва оромӣ арзиши бузург ба ҳисоб меравад.
Эҳсоси шукргузорӣ аз ватани ободу осуда ва қадршиносии сулҳу ваҳдат ҳар як шаҳрвандро водор месозад, ки барои ҳифзи ин неъматҳо масъулияти бештар эҳсос намояд. Зеро амнияту истиқлолият дастоварде нест, ки худ ба худ пойдор монад — онро садоқат, ҳушёрӣ ва хизмати фидокоронаи фарзандони Ватан нигоҳ медорад. Маҳз бо ҳамин руҳия неруҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз низ омодаанд, ки амнияти сарзамини аҷдодиро ҳифз намуда, сулҳу суботи ҷомеаро устувор нигоҳ доранд.
Бо роҳнамоӣ ва дастгирии пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, рушди инфрасохтори ҳарбӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мудофиа марҳила ба марҳила амалӣ гардиданд. Бунёди иншооти ҳарбӣ, беҳтар шудани шароити хизмат, омодасозии афсарону мутахассисон дар муассисаҳои таълимии дохиливу хориҷӣ ва ҷорӣ намудани барномаҳои тарбиявӣ ба таҳкими неруҳои мусаллаҳ такони ҷиддӣ бахшид.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ҳамеша ба тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва садоқати хизматчиёни ҳарбӣ аҳамияти махсус дода, таъкид менамоянд, ки ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ин сиёсати пайгирона боис гардид, ки Артиши миллӣ имрӯз ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва яке аз пояҳои асосии амнияти миллӣ шакл гирифта, дар таъмини оромию осоиштагии кишвар нақши калидӣ иҷро намояд.
Фирӯз КАРИМЗОДА,

