Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад

 22 март дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад. Дар ин хусус Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Фестивал дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» соли ҳаштум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор шуда, мақсади он муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Дар доираи фестивал намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва имконияти хизматрасонии сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик яке аз намунаҳои муҳими сайёҳӣ арзёбӣ мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE