Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад

2 марти соли 2026 даври якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2026 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.

Тибқи рӯйхати мазкур, имсол дар 43 шаҳру ноҳияи мамлакат 50 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаи сайёри бақайдгирӣ амал мекунад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирӣ бо ҳузури довталаб ва хоҳиши ӯ, новобаста аз ҷойи истиқоматаш дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи аммлакат гузаронида мешавад.

Довталабон метавонанд маълумоти иловагиро аз сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон https://www.ntc.tj/tj/ ба даст оваранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE