Ёсуман Назарова дар Фестивали байналхалқии сирки кӯдакону наврасон соҳиби ҷойи дуюм шуд

8-10 декабр дар шаҳри Тулаи Федератсияи Русия Фестивали байналхалқии сирки  кӯдакону наврасон- «Ба забони ҷаҳонӣ («На языке мира») баргузор гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон  Ёсуман Назарова мақоми дуюмро соҳиб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ин фестивали байналхалқӣ намояндагони 17 кишвари олам иштирок намуда, санъати худро ба намоиш гузоштанд. Фестивал таҳти унвони «Ба забони ҷаҳонӣ» баргузор гардида, байни кормандони навраси студияҳои сиркӣ, мактабҳо, омӯзишгоҳҳо ва дигар таълимгоҳҳое, ки дар он санъати олитарини бозиҳои сиркиро меомӯзанд, аз рӯи 8 номинатсия доир гашт.

Намояндаи Тоҷикистон дар ин фестивал Ёсуман Назарова бо санъати волову нотакрораш зимни намоиш додани гимнастика дар рӯйи канаб мақоми 2-юмро соҳиб гардид ва бо ҷоизаи нуқрагини фестивал ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ёсуманро ҳайати кормандону ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон, дӯстону наздикон ва ҳамсабақон пешвоз гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE