Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ

25 феврали соли 2026 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ ширкат намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ иштирокдоронро бо авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ шинос намуда, аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Подшоҳии Муттаҳидаро таъкид кард.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE