Муштзанҳои тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Бангкоки Тайланд ширкат меварзанд

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд аз 8-ум то 15-уми март Ҷоми ҷаҳон оид ба бокс (U-19) баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар мусобиқа 10 муштзани ҷавон (8 писар, 2 духтар) намояндагӣ мекунанд.

Ҳайати Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур – Аъзамҷон Ҳасанов (50 кг), Аъзам Одилзода (55 кг), Амирбек Маҳрамов (60 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (65 кг), Муҳаммад Мамадалиев (70 кг), Исфандиёр Ҳошимов (75 кг), Хуҷамуминҷон Холов (80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (85 кг), Фариноз Абдуллоева (54 кг) ва Мино Аъзамзода (60 кг) ташкил медиҳанд.

Сармураббиҳо Рустам Музаффаров, Асомиддин Бурҳонов, Хуршед Абдуллоев ва Ҳасан Мӯсоев дар мусобиқа роҳнамоӣ ҳайати бокси Тоҷикистон мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа 500 муштзани 85 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.

Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин иштироки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаҳои Федератсияи бокси ҷаҳонӣ (World Boxing) мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE