Вазорати мудофиа рӯзноманигоронро қадрдонӣ кард

Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, дар толори Кумитаи телевизион ва радио маросими ҷоизасупории Вазорати мудофиа ба намояндагони ВАО баргузор гардид.

​Мувофиқи фармоиши Вазири мудофиа, як гурӯҳ рӯзноманигорони фаъол барои ҳамкории зич ва инъикоси воқеъбинона бо медалҳои ҷашнӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

Дар чорабинӣ қайд шуд, ки матбуот ва телевизион дар боло бурдани рӯҳияи ватандӯстии ҷомеа ва муаррифии дастовардҳои Қувваҳои Мусаллаҳ нақши калидӣ мебозанд. Ин қадрдонӣ рамзи ҳамбастагии ҳомиёни Ватан ва аҳли қалам дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ арзёбӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE