Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Хуррамшаҳр»-и ноҳияи Данғара бахшида ба таҷлили Наврӯз «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд. Дар ин хусус  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.

Дар ифтитоҳи «Шаҳраки наврӯзӣ» муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия фаъолона иштирок намуда, дар он дастовардҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои идонаашонро ба намоиш гузоштанд.

Ин шаҳрак бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, тарғиби фарҳанги ниёгон ва фароҳам овардани фазои шодию нишот барои сокинон ва меҳмонон ташкил гардида, тантанаҳои ҷашни Наврӯз дар ин ҷо то 20 март идома меёбанд.

«Шаҳраки наврӯзӣ» барои сокинон ва меҳмонони ноҳия макони фароғат, шиносоӣ бо анъанаҳои миллӣ ва таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз ба шумор меравад.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE