Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад

Консорсиуми ширкатҳои «HITACHI ENЕRGY»-и Шветсия ва «Cobra Instalaciones y Servicios S.A.»-и Испания хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000»-ро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) то моҳи майи соли 2028 ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин мувофиқа дар натиҷаи муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», ки дар шаҳри Людвикаи Шветсия оғоз гардид, ба даст омад.

Он имкон медиҳад, ки хизматрасонӣ ва истифодаи устувори иншооти калидии инфрасохтори лоиҳа таъмин гардида, ҳамзамон шароити мусоид барои анҷоми сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар ҳудуди Афғонистон фароҳам оварда шавад. Ба анҷом расидани он  соли 2027 ба нақша гирифта шудааст. Бо ин роҳ инфрасохтори лоиҳаи «CASA-1000» то соли 2027 пурра ба шабакаи барқ пайваст карда мешавад.

Бояд гуфт, ки аз чор се кишвари иштирокчии лоиҳа – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон аллакай сохтмони иншоотро дар доираи лоиҳа ба анҷом расонидаанд. Интизор меравад, ки сохтмони хати интиқоли ҷараёни доимӣ дар Афғонистон то соли 2027 хотима ёбад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE