Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Чин, инчунин масоили минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

