Ярмарка-а–фурӯши маҳсулот дар ҳудуди бозори “Меҳргон”

Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ярмарка–фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маҳсулоти корхонаҳои саноати хӯрокворӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида, то 20 март идома меёбад.

Ярмарка дар ҳудуди бозори “Меҳргон” баргузор шуда, дар он маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан дастрас ба сокинон пешниҳод мегардад.

Дар ярмарка молу маҳсулоти истеҳсолкунандагон аз Вилояти Суғд, инчунин маҳсулоти Тоҷикматлубот ва Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд.

Ҳадафи асосии баргузор намудани чунин ярмарка таъмини сокинони пойтахт  бо маҳсулоти босифат ва нисбатан арзон дар арафаи ҷашни Наврӯз ва моҳи шарифи Рамазон арзёбӣ мегардад.

Шарофиддин Каримов

Садои Душанбе.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE