Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
18 март дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии ин чорабинӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо таъкиди нақши калидии ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ иброз намуд, ки фаъолияти онҳо барои роҳнамоии самараноки муҳокимаҳо ва таъмини инъикоси ҳамаҷонибаи афзалият ва интизориҳои давлатҳои аъзо, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор аҳаммияти муҳим дорад.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ оид ба аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об изҳори назар намуда, ба раванди омодагӣ ба Конфронси чаҳоруми Раванди оби Душанбе (25–28 майи соли 2026) таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ ҳозиринро барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар Конфронси Душанбе даъват намуд.
Мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, аз ҷумла ҳамраиси Конфронси оби Душанбе Ли Ҷунхуа, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти устувори захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

