Нақшаи даъвати баҳорӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан равона гардиданд ва чун анъана нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал иҷро шуд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара хабар доданд.
Ин дастовард аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва нишонаи татбиқи сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ гувоҳӣ медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона доир гардид. Диловарони ворухӣ бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагон паҳлу ба паҳлу дар саф истода, бо ин иқдоми ҷавонмардона нишон доданд, ки ба давлату миллат содиқ ҳастанд.
Таъкид гардид, ки имсол дар даъвати баҳорӣ шумораи ҷавонони далеру шуҷоъ, ки бо амри дилу виҷдон барои адо намудани қарзи шаҳрвандӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамроҳ мешаванд, зиёд гардидааст. Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ ва матонату ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи ҷавонписарони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

