Дар шаҳри Турсунзода дар соли ҷорӣ 39 иншоот ба истифода дода шуд

“Дар доираи нақша чорабиниҳо вобаста ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бунëд ва ба истифода додани 398 иншоот ба нақша гирифта шуда то ба имрӯз аз он 113 иншот мавриди истифода қарор гирифтанд”-изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри мазкур Парвиз Акрамзода. Бо маълумоти масьулин дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳоти он 39 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE