Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанг ба номи устод Мирзо Турсунзода ҷашни Наврӯз мутантану пуршукӯҳ таҷлил гардид

Саҳни ҳавлӣ ва гулгашту боғзори ин даргаҳи маърифатро қудуми меҳмонони олиқадр шаҳомати дигар мебахшид. Ба далели ин, ки Наврӯз ҷашни мардумони олам пазируфта шудааст, имрӯз бо даъвати раёсати донишкада – меҳмонони зиёд аз тамоми сафоратхонаҳо ба ин базми ҷамшедӣ даъват гардида буданд. Дар ин ҷашни фирӯз намояндагони миллатҳои русу ҳинд, покистониву чинӣ, белорусу англис, фаронсавию конодоӣ, қазоқу қирғизу турту тотору узбек ва ҷамъи дигарон ҳузур доштанду бо шодии мардуми сарбаланди тоҷик шарик мегаштанду бо навои суруру шодмонӣ мерақсиданд. Бар шукӯҳи ин ҷашни аҷдодӣ, ки аҳли раёсат ва устодону донишҷӯёни донишкада хони пурнози наврӯзӣ ороста буданд, таронаҳои марғубу дилангези хонандаҳои хушсадо шони дигар мебахшид.Бо ҳамин маром, қарор аст, ки ҷашни Наврӯз дар ин боргоҳи таълимӣ то поёни имрӯз идома ёбад. Таҳияи Лутфуллои Азиз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE