«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Ширкати хусусии ҳавопаймоии «Shohin Airlines» тасмим гирифтааст, ки ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ намояд, иттилоъ медиҳад ин ширкат.
Тибқи хабари манбаъ, роҳбарияти ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» дар Чехия созишнома оид ба харидории ҳавопаймои нави минтақавии турбовинтӣ L410 NG ба тасвиб расонид. Имзои ин санад қадами муҳим дар раванди рушди ширкати ҳавопаймоӣ ва тавсеаи имконоти он дар соҳаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ маҳсуб мешавад.
Ҳавопаймои L410 NG нав барои иҷрои парвозҳо дар дохили ҷумҳурӣ ва минтақа ихтисос дода шудааст. Он тарҳи наве аз ҳавопаймоҳои L410 мебошад, ки худро дар истифода хуб нишон додаанд. L410 NG бо самаранокии баланди сӯзишворӣ, дурпарвозӣ ва хусусияти беҳтаршудаи истифода тафовут дошта, барои интиқолоти минтақавӣ муносиб мебошад.
Ба иттилои директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» Зафар Аҳмадзода, харидории ҳавопаймои мазкур ба стратегияи рушди парки ҳавопаймоии «Shohin Airlines» мувофиқат мекунад. Он ба баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, рушди алоқаи ҳавоии дохилӣ ва минтақавӣ равона шудааст.
Интизор меравад, ки бо истифодаи ҳавопаймои L410 NG ширкати ҳавопаймоӣ самаранокии интиқолоти ҳавоии дохилиҷумҳуриявӣ ва минтақавиро ба таври назаррас афзун намояд.
«Shohin Airlines» ширкати ҳавопаймоии хусусӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Он ба рушди авиатсияи граждании ватанӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоии минтақавӣ ва байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд. Ҳамзамон бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес-авиатсияро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
АКС: «Shohin Airlines»

