Росия барномаи бузурги давлатиро оид ба пешниҳоди бурсҳои таҳсилӣ ба Тоҷикистон таҳия мекунад
Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Росия Валерий Фалков 2 март аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов дар шаҳри Душанбе боздид намуда, дар баррасии масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ иштирок кард. Дар ин бора дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Зимни мулоқот лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ, инчунин якчанд масъалаҳои марбут ба густариши номгӯи барномаҳои таълимӣ, ки дар филиалҳои Душанбегии донишгоҳҳои Росия амалӣ карда мешаванд, ҳамоҳангсозии маъракаҳои қабул ва дигар мавзуъҳои марбут ба донишгоҳҳои муосир мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Росия зарурати ҳалли созандаи тамоми масъалаҳоеро, ки барои рушди маориф ва илм монеа эҷод мекунанд, таъкид кард.
Валерий Фалков иброз дошт, ки ҷониби Русия як барномаи бузурги давлатиро ҷиҳати пешниҳоди бурсҳои таълимӣ ва роҳандозии тарҳҳои муштарак барои давлатҳое, ки онҳоро таърихи муштараки шӯравӣ ва узвият дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ муттаҳид мекунад, таҳия менамояд.