Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон вохӯрӣ намуд
Дар доираи ҷаласаи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ ва иҷлосияи ҳамоҳангсози Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Марлен Маматалиев вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Ҳамкории мутақобили судманд ва дастгирии якдигар дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии парламентӣ, аз қабили Иттиҳоди байнипарламентӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо иброз намуданд, ки анъанаҳои неки ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва бародарӣ, ки аз замонҳои қадим байни халқҳоямон вуҷуд доранд, арзиши бузург доранд. Маҳз бо шарофати ҳамин анъанаҳои нек ба мо муяссар гардид, ки Созишнома дар бораи сарҳади давлатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври таърихӣ ба имзо расад. Дар таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамсоягии нек, махсусан нақши Сарони давлатҳоямон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров назаррас мебошад.
Изҳори итминон карда шуд, ки дар оянда ҳамкории байнипарлумонӣ таҳким ва густариш меёбад.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

