Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар соли нави таҳсил бо як қатор навгониҳои муҳим ворид мегардад
Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар соли нави таҳсил бо як қатор навгониҳои муҳим ворид мегардад. Дар ин бора ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Алексей Золотухин баён кард ки аз муҳимтарин дастовардҳо таъсиси факултаи мустақили рӯзноманигорӣ мебошад. Ин иқдом барои рушди соҳаи журналистика, омода намудани мутахассисони мутобиқ ба талаботи замони рақамӣ аҳамияти калон дорад.
Ҳамзамон донишгоҳ ҳафт ихтисоси нави ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат-ро пешниҳод намудааст. Ба онҳо ихтисосҳои зерин дохил мешаванд:
– Амнияти иттилоотӣ (Информационная безопасность);
– Идоракунии давлатӣ ва муниципалӣ (Государственное и муниципальное управление);
– Бизнес-информатика;
– Реклама ва робита бо ҷомеа;
– Амнияти иқтисодӣ;
– Тарҷума ва тарҷумашиносӣ (забони чинӣ);
– Тарҷума ва тарҷумашиносӣ (забони олмонӣ).
Муқаддас Машрабён
Садои Душанбе

