Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
28 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири нахустини муқими Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот сафири Давлати Кувайт нусхаи эътимодномаи худро ба Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.
Пас аз маросими супоридани нусхаи эътимоднома ҷонибҳо роҳҳои таҳким ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Кувайтро баррасӣ намуда, аҳаммияти иҷрои тавофуқҳоеро, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт моҳи ноябри соли 2024 ба даст омада буданд, таъкид карданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори омодагӣ намуданд.

